Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳавои олудаи Пекинро пок мекунанд


Барои покиза кардани ҳавои шаҳри Пекин аз олудагиҳо ҳукумати Чин аз рӯзи 20 июл ҳаракати мошинҳоро маҳдуд намуда ва ба бастани баъзе аз корхонаҳо пардохт. Вобаста ба рақамашон мошинҳо дар рӯзҳои махсус ҳаққи ҳаракатро дар пойтахти Чин нахоҳанд дошт ва тамоми корҳои заминӣ ва тавлиди семент дар Пекин низ мамнӯъ шуд.
Пекин, ки аз 8 то 24-уми август, бозиҳои тобистонаи олимпиро мизбонӣ мекунад, умедвор аст, дар зарфи ду моҳ тақрибан севуним миллион мошинро аз роҳҳо берун ва олудагиҳои ҳаворо 63 дар сад кам мекунад. Моҳи сентябр дар Пекин ҳамчунин бозиҳои варзишгарони маъюб доир мешавад. Олудагии ҳавои Пекин як дарди сари вазнини баргузоркунандаҳои бозиҳои олимпӣ дар шаҳр ба ҳисоб меравад.

XS
SM
MD
LG