Пайвандҳои дастрасӣ

Сербистон нармтар мешавад


Вазири умури хориҷаи Сербистон Вук Йеремик эълом кард, ки сафирони кишварашро ба он мамолики Иттиҳодияи Аврупо бармегардонад, ки истиқолияти Косоворо эътироф намудаанд.

Вай рӯзи 20 июл гуфт, ҳафтаи оянда масъалаи бозпас фиристодани сафиронро ба ҳукумат пешниҳод мекунад ва интизор дорад, дар ин бора қарори мусбат қабул мешавад. Баъди худро аз Сербистон ҷудо ва мустақил эълом кардани Косово дар моҳи феврал, бист кишвари Иттиҳодияи Аврупо истиқлолияти онро эътироф карданд. Дар ҷавоб Сербистон сафиронашро аз он кишварҳо фаро хонд.

XS
SM
MD
LG