Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдор аз ихроҷи нерӯҳои ИМА аз Ироқ


Раҳбари ситоди муштараки қувваҳои мусаллаҳи Амрико адмирал Майк Муллен мегӯяд, таъйини ҷадвали замонӣ барои ихроҷи нерӯҳои Амрико аз Ироқ метавонад, пешрафтҳои сиёсӣ ва иқтисодии ин кишварро ба хатар рӯ ба рӯ кунад. Зимни мусоҳиба бо телевизиони “Фокс Нюс” вай гуфт, таъйини давраи дусола барои ихроҷи нерӯҳо “пайомадҳои ниҳоят хатарнок” дошта метавонад. Барак Обама номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Амрико, ки қарор аст ба Ироқ сафар кунад, мегӯяд, дар сурати интихобаш нерӯҳои Амрикоро дар зарфи 16 моҳ аз Ироқ ба ватанашон бармегардонад. Бар асоси гузоришҳо, ин пешниҳод аз нахуствазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ будааст, вале як сухангӯи ҳукумати Ироқ гуфт, сухани нахуствазирро нодуруст фаҳмидаанд.

XS
SM
MD
LG