Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи Барак Обама ба Афғонистон


Номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Амрико Барак Обама авзоъ дар Афғонистонро “ пурхатар ва изтирорӣ” хонда ва гуфт, ин кишвар бояд дар маркази тавваҷӯҳи ҷанг бо тероризм бошад. Вай гуфт, дар сурати ба мақоми раёсати ҷумҳур расиданаш ба Афғонистон 7 ҳазор сарбози изофӣ хоҳад фиристод. Барак Обама ин суханонро зимни сафараш ба Кобул ва дар мусоҳиба бо телевизиони Си Би Эс эрод кард. Номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Амрико аз Ҳизби Демократ ҳамчунин рӯзи гузашта бо Ҳомиди Карзай раиси ҷумҳури Афғонистон аз ҷумла доир ба тероризм, фасодкорӣ ва қочоқи маводи мухаддир гуфтугӯ кард. Сухангӯи ҳукумати Афғонистон гуфт, Барак Обама ба тааҳуди худ ҷиҳати муборизаи ҷиддӣ ба зидди тероризм таъкид кард.

XS
SM
MD
LG