Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод: “Музокироти Женева қадаме ба пеш аст”


Имрӯз, якшанбе раисҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфтугӯи музокиракунандаи аршади барномаи ҳастии кишвараш бо масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупоро “қадаме ба пеш” унвон кардааст. Ҳовиер Солона, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодия Аврупо низ шоми шанбе, баъд аз гуфтугӯ бо Сайид Ҷалилӣ, музокиракунандаи аршади барномаи ҳастаии Эрон дар Женеваро “созанда”, аммо “нокофӣ” хонда буд. Вай гуфт, то ҳанӯз ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар интизори посухи ҷониби Эрон дар мавриди бастаи пешниҳодҳо барои қатъи ғанисозии ураниуми Теҳрон аст. Музокироти Эрон бо Русия, Чин, Бритониё, Олмон, Фаронса ва барои нахустин бор бо ширкати як мақоми баланпояи Амрико дар Женева рӯзи шанбе оғоз ёфт ва ба гуфтаи Ҳовиер Солона умед аст, то ду ҳафта идома меёбад.
XS
SM
MD
LG