Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти изтирории муттаҳидони Умар ал-Башир


Имрӯз дар Миср вазирони хориҷии кишварҳои араб гирд омаданд. Ин нишасти изтирорӣ пас он ки додситони Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ Умар ал-Башир, раиси ҷумҳури Судонро дар ҷиноёти ҷангӣ муттаҳам кард, анҷом мешавад. Судон аз Лигаи кишварҳои араб, Русия ва Чин дархост кардааст, то аз тариқи судури қатъномае дар Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид ҳукми додгоҳро ба ҳолати таълиқ дароранд. Луис Морено-Окампо, додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ, мақараш дар Ҳейги Ҳолланд, ҳафтаи гузашта натоиҷи таҳқиқоти ҷиноёти сангин дар вилояти ҷангзадаи Дарфури Судонро эълон кард ва хостори судури дастури боздошти раисиҷумҳури Судон Умар ал-Башир бо иттиҳоми наслкушӣ ва ҷиноёти ҷанг ва ҷиноёт алайҳи башар шуд. Дар ҷараёни ҷанги Дорфур байни шибҳанизомиёни араб аз гурӯҳи Ҷонҷовид, ки Хартум пуштибониаш мекард, ва қабилаҳои африқоии муқими он вилоят, ки соли 2003 оғоз ёфт, тақрибан 300 000 нафар кушта ва наздики 3 миллион тани дигар бехонаву дар шуданд.
XS
SM
MD
LG