Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Бритониё ба Байтулмуқаддас рафт


Гордон Браун, нахуствазири Бритониё, пас аз дидор бо Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, рӯзи якшанбе барои дидор бо мақомҳои исроилӣ ва фаластинӣ вориди Байтулмуқаддас шуд. Қарор аст, оқои Браун дар нахустин дидораш аз Исроил ба унвони нахуствазир бо ҳамтои исроилияш Эҳуд Олмерт ва Шимон Перс, раиси ҷумҳури ин кишвар гуфтугӯ кунад. Интизор меравад, нахуствазири Бритониё ҳамчунин дар ин сафар бо Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фаластин низ дидор анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG