Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷабҳаи сунниҳои Ироқ бо шиъаҳо пайваст


Ҷабҳаи арабҳои суннии Ироқ дигарбора ба ҳукумати таҳти раҳбарии шиъаҳо ба манзури пешрафти муҳим дар роҳи оштии миллӣ пайвастанд. Бино ба гузориши хабаргузории Ройтер, ин таҳаввул замоне рух дод, ки порлумони Ироқ номзадҳои пешниҳодии ин ҷабҳа ба вазифаи вазирӣ дар ҳукумати Ироқро пазируфт. Салим ал-Ҷуборӣ, сухангӯйи Ҷабҳаи арабҳои суннӣ, дар гуфтугӯ бо Ройтер зимни таъйиди ин хабар ин иқдомро “гоми воқеъӣ ба сӯи ислоҳоти сиёсӣ” дар Ироқ тавсиф кардааст. Ҷабҳаи арабҳои суннӣ дар моҳи августи соли гузашта аз ширкат дар ҳаёти сиёсии давлати Ироқ канора гирифта буд. Иллати ин иқдом дархости мушорикати бештар дар сиёсатҳои амниятӣ ва ҳамчунин раҳоии зиндониёни арабҳои суннӣ буд. Аксар мақоми вазорат дар ҳукумати Ироқ холист ва давлати Ироқ ҳич гоҳ натавонистааст онҳоро пур кунад.
XS
SM
MD
LG