Пайвандҳои дастрасӣ

Гордон Браун ба гуфтугӯи Нурӣ ал-Моликӣ рафт


Гордон Браун, нахуствазири Бритониё, имрӯз вориди Бағдод шуд. Оқои Браун дар севумин сафари худ ба Ироқ бо Нурӣ ал-Моликӣ нахуствазири Ироқ ба музокира мепардозад. Вай ҳамчунин бо дигар раҳбарони сиёсии ин кишвар гуфтугӯ хоҳад дошт. Бозсозии иқтисоди Ироқ аз мавзӯъҳои аслиест, ки дар дастури кори ин музокирот қарор дорад. Ин севумин сафари Гордон Браун ба Ироқ аз замоне аст, ки ба мақоми нахуствазири Бритониё пазируфта шудааст.
XS
SM
MD
LG