Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси барномаи ҳастаии Эрон дар Женева оғоз шуд


Виллиам Бурнс, севумин мақоми аршад дар вазорати хориҷии Амрикост, ки ҳамроҳ бо Ҳовиер Солона, роҳбари сиёсати хориҷии Итиҳоди Аврупо, ва фиристодаҳои Чин, Русия, Фаронса, Бритониё ва Олмон бо музокиракунандаи аршади барномаи ҳастаии Эрон Сайид Ҷалолӣ вориди гуфтугӯ мешавад. Музокирот рӯзи шанбе дар Женева оғоз ёфт ва меҳвари аслии он бастаи пешниҳоди кишварҳои мавсум ба гурӯҳи панҷ ҳамроҳ бо Олмон ҷиҳати тарғиби Теҳрон барои қатъи ғанисозии ураниум будааст. Виллиам Бурнс, муовини вазири хориҷии Амрико, бо музокиракунандаи Эрон дар ин дидор мулоқоти хос нахоҳад дошт ва ба қавли мақомоти Кохи Сафед “вай танҳо дар ин музокирот ширкат мекунад”. Амрико барои нахустин бор аст, ки як мақоми баландпояи худро ба ин музокирот фиристодааст ва ба бовари бархе аз таҳлилгарон ин як тағйири сиёсати ошкорои Вошингтон дар қиболи Теҳрон мебошад. Қаблан, Амрико иддао дошт, ки танҳо дар сурати хатми ғанисозии ураниум аз сӯи Эрон бо мақомоти ин кишвар вориди музокирот мешавад. Бо ин ҳама, расонаҳои чопи Теҳрон ба нақли қавл аз Манучеҳри Муттакӣ, вазири хориҷии Эрон, гуфтугӯи рузи шанберо барои ҷонибҳо мусбат арзёбӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG