Пайвандҳои дастрасӣ

Обама дар Кобул


Номзад ба мақоми раёсатҷумҳурии Амрико аз Ҳизби демократ Барак Обама дар оғози сафари якҳафтаинааш, ки мумкин аст дар Ховари Миёна ва Аврупо идома кунад, ба Кобул омад. Замони ташрифи Обама ба Афғонистон бо аҳдофи амниятӣ қабл аз шурӯъи сафар хабар дода нашудааст. Обама хоҳони тамаркузи бештари ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон нисбат ба Ироқ мебошад. Вай мӯътақид аст, ки вазъият дар Афғонистон бешар аз Ироқ барои амнияти миллии Амрико таҳдид мекунад. Барак Обама дар сӯҳбаташ бо нашрияи “Ню Йорк Таймс” низ дар ин ҳафта ошкоро эълом доштааст, ки Амрико бояд ба Афғонистон ҳудуди 10 ҳазор нерӯ фиристад. Феълан ҳудуди 70 ҳазор нерӯҳои байнулмилалӣ, ки бахши аъзами онҳоро низомиёни амрикоӣ ташкил медиҳанд, ба ҳукумати раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзай барои мубориза бо шӯришиёни толиб кӯмак мекунанд.
XS
SM
MD
LG