Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров пешниҳоди Олмонро "бениҳоят мусбат" хонд


Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров интиқодаш аз тарҳи олмонии ҳалли низоъи Гурҷистонро нармтар кард. Пас аз гуфтушунид бо вазири умури хориҷии Олмон Франк-Валтер Штейнмейер, Лавров гуфт, барномаи Берлин дар ҷустуҷӯи роҳиҳалҳои низоъ бениҳоят судманд аст. Аммо оқои Лавров, ки пеш аз мулоқот бо Валтер Штайнмайер дар Маскав сухан мегуфт, бахши марбут ба бозгашти оворагони гурҷӣ ба Абхозистон дар ин тарҳро ғайривоқеъӣ номид. Гурҷистон бархе аз нукоти калидӣ дар ин тарҳи сулҳро рад карда ва Абхозистон низ онро ғайри қобили қабул хондааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG