Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфтааст, кишвараш омодааст пешниҳоди Амрико дар бораи ифтитоҳи Дафтари ҳофизи манофеъи ИМА дар Теҳронро баррасӣ кунад.

Манучеҳр Муттакӣ, вазири умури хориҷаи Эрон изҳор намуд, ки кишвараш барои баррасии мавзӯъи таъсиси Дафтари ҳофизи манофеъи Иёлоти Муттаҳида дар Теҳрон ва ифтитоҳи хатти мустақими парвози ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар омода аст.

Ӯ ҳамчунин аз тасмими Иёлоти Муттаҳида барои ширкат дар музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон дар Женева истиқбол кард. Имрӯз Сайид Ҷалилӣ, раиси ҳайати Эрон дар музокирот оид ба барномаи ҳастаии кишвар изҳори умедворӣ кард, ки ин нишаст “созанда” хоҳад буд.

Барои нахустин бор дар ин музокирот дипломати воломақоми амрикоӣ – муовини Котиби давлатӣ Вилям Бёрнс ширкат хоҳад дошт. Дар нишасти Женева, ки рӯзи шанбе баргузор мешавад, ҳайатҳои Иттиҳодияи Аврупо, Бритониё, Чин, Русия, Фаронса ва Олмон низ ширкат хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG