Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон мехоҳанд, дар пайравӣ аз кишварҳои пешрафта одобномаи журналистонро ба тасвиб расонанд, аммо аз рӯи чӣ намунаҳо ва бо чй аҳдоф?

Дар 93 кишвари ҷаҳон маҷмӯъи қоидаҳои ахлоқии журналистон ба тасвиб расида, дар бархе аз онҳо ҳар расона ё иттиҳодияи ҳирфаии журналистону ноширон кодекси ахлоқии худро дорад. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико наздик ба 50 ва дар Бритониё 14 ойинномаи ахлоқии журналист мавҷуд буда, даҳҳо созмони байнулмилалии ҳирфаии хабарнигорӣ низ роҳнамоҳои вижаи худро тартиб додаанд.

Раиси созмони ғайридавлатии Media Wise Trust -и Бритониё, Майк Ҷеймсон, ки бо таҷрибаи 35-солаи

Эҳтиром ба ҳақиқат, қатъи назар аз он ки ин ҳақиқат чи пайомадҳо дошта метавонад.

хабарнигорияш, ба журналистони Булғористон, Қирғизистон ва чанд кишвари Аврупои Шарқӣ дар таҳияи чунин қоидаҳо кӯмак кардааст, мегӯяд, ин оинҳои ахлоқӣ аз тарафи худи журналистон бо даъвати виждон ва покдастии онҳо, барои марзбандии нерӯи густардаи ҳукумати чаҳорум ва ба хотири дифоъ аз ҳуқуқи ҳирфаии онон таҳия мешаванд.

Агар касони дигар онро таҳия кунанд, ба ин маънӣ хоҳад буд, ки мехоҳанд, журналистонро зери назорат бигиранд. Намояндагони ҷомеъа метавонанд, интизороти худро аз фаъолияти журналистон баён доранд, аммо набояд ба журналистон шеваи иҷрои ин вазифаҳоро муқаррар кунанд. Ва агар журналистон маҷбур бошанд, ки муҳити атрофи худро тибқи дастури дигарон қаламдод кунанд, онҳо ҳақиқатнигор нахоҳанд буд. Аз сӯи дигар, меафзояд Ҷеймсон, сатҳи журналистон дар ҳар кишвар фарқ мекунад ва дар давлатҳои пасошӯравӣ ду ҳолати қутбӣ ба мушоҳида мерасад:

"Ин ҷо фарҳанги фармон мавҷуд аст, ки журналист бояд ончиро нависад ва ба шакле нависад, ки ба ӯ супориш мешавад. Ҳамзамон, тавре дар давраҳои омӯзишӣ шоҳид шудам, насли нави журналистон ба воя мерасад, ки фикр мекунанд, ҳама чиро навиштан мумкин, ҳатто назари шахсии хешро. Ҳардуи ин бо сабабҳои рӯшан ба андозаи баробар мушкилофарин аст. Ба назари ман, дар кишвари шумо марҳилае ҳаст барои гузор аз низоми авторитарӣ ба мардумсолории боз."

Одобномаи журналистони Қазоқистон аз таъкиди озодии матбуот сар мешавад, аммо бандҳое дорад, ки метавонанд, дугуна тафсир шаванд. Ба монанди ӯҳдадории журналист дар пешгирӣ аз хусуматҳои сиёсӣ ё ғоявӣ. Мавҷудияти ин ахлоқнома ба ҷилавгирӣ аз фишори мақомоти давлат ба журналистон пешгирӣ накардааст.

Дар Узбакистон кодекси ахлоқи журналистон вуҷуд надорад ва матбуот комилан таҳти назорати давлат мебошад. Ҳамкори узбакистонии мо Фаррух Юсуфӣ мегӯяд, "агар аз боло дастури муайян дода нашавад, ҳеч журналисте ҳеч касеро танқид карда наметавонад."


Журналистони Қирғизистон барои матбуот ва расонаҳои электронӣ кодексҳои ҷудогона доранд, ки аз рӯи беҳтарин намунаҳои ҷаҳонӣ сохта шудаанд. Ҳарчанд татбиқи онҳо дар амал бо монеъаҳо рӯбарӯст, ин аснод дар беҳбуди фазои журнализм дар ин кишвар хидмати нек мекунанд.

Ба ақидаи Ҷеймсон вазъи мавҷудаи ҷомеъа ба мӯҳтаво ва амрҳои ахлоқномаи журналистӣ таъсир мегузорад. Ин натиҷагирии ҳамсӯҳбати моро муқоисаи ҳатто сатҳии кодексҳои рафтори журналистон дар кишварҳои гуногун тасбит мекунад.

Дар ойинномаҳои ахлоқии иттиҳодияҳои журналистон, сардабирон ё ноширон дар кишварҳои пешрафтаи демократӣ арҷгузорӣ ба ҳақиқат дар ҷои аввал қарор дорад, дар кишварҳои ғайридемократӣ пайомадҳои гуфтан ё навиштани чунин ҳақиқат.

Яке аз беҳтарин одобномаҳои журналистиро кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба тасвиб расондаанд. Нахустин нуктаи он чунин аст: "Эҳтиром ба ҳақиқат, қатъи назар аз он ки ин ҳақиқат чи пайомадҳо дошта метавонад. Эҳтиром ба ҳуқуқи ҷомеъа дар донистани ин ҳақиқат." Матни ин эъломияро шаш иттиҳодияи касбии журналистони Аврупо даро соли 1971 омода карданд ва аз вақт инҷониб тағйире надидааст.

Ба ақидаи мудири Маркази журналистикаи изтирорӣ дар Маскав, Олег Панфилов, таҳия ва қабули кодекси ахлоқи журналист дар кишварҳои пасошӯравӣ як зарурати ҷиддист, аммо он танҳо замоне коро буда метавонад, ки журналистон дар як созмони худтанзими хеш усули онро муайян намоянд.

"

"Дар давлатҳои ғайри ҳуқуқбунёд, ҷое ки қонунҳои бунёдии марбут ба журналистон иҷро намешаванд, сӯҳбат аз кодекси ахлоқӣ кори бемаънист. Журналистон бояд аввал ташкили як ниҳоди худтанзимро баррасӣ кунанд, ки дар Тоҷикистон, масалан, вуҷуд надорад. Ҳол он ки ин аввалин қадам дар роҳи таҳияи кодекси ахлоқист. Ин ниҳоди иборат аз худи журналистон бояд монанди як додгоҳи дӯстона матолиби нашр ё пахшшудаи баҳсбарангезро муҳокима кунад ва дар ин замина меъёрҳои кодекси ахлоқиро муқаррар намояд."


Ҷаноби Панфилов аз тарҳи Савганди журналист низ изҳори ҳайрат кард ва гуфт, дар ҳамаи қаламрави шӯравии собиқ бо чунин падидае дучор нашудааст.

Аммо Майк Ҷеймсон ба ахлоқномаи Федерасюни Журналистони Араб ишор кард, ки чунин як савгандро барои журналистони навкор пешбинӣ мекунад. Савганди аъзои ин иттиҳод ҳамагӣ аз як ҷумла иборат аст. "Ман бо ифтихори касби худ савганд мехӯрам, ки вазифаи худро содиқона ва росткорона иҷро мекунам, асрори ҳирфаиро пинҳон медорам, аз қонун ва анъанаҳо пайравӣ мекунам ва шарафи касбамро ҳифз менамоям."

Хулосаи ҳамаи ҳамсӯҳбатони мо ин буд, ки одобномаи журналистон барои кӯмак ба кори онҳо таҳия ва тасвиб мешавад, на барои афзоиши фишор ё таҳкими маҳдудиятҳои алайҳи онон. Аз сӯи дигар ин коршиносон гуфтанд, чунин ойинномаҳо метавонанд, бо гузашти айём бознигарӣ ва таҳриру тасҳеҳ шаванд.

XS
SM
MD
LG