Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин монеъаҳои тарҳи нави сулҳ дар Абхозистон


Франк-Валтер Штейнмейер, вазири умури хориҷии Олмон ва раиси ҷумҳури Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ дар Батумӣ, 17 июли соли 2008.

Франк-Валтер Штейнмейер, вазири умури хориҷии Олмон ва раиси ҷумҳури Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ дар Батумӣ, 17 июли соли 2008.

Барномаи пешниҳодии Ғарб дар сулҳи Абхозистон дар аввалин муаррифияш аз тарафи Тифлис, Сухумӣ ва Маскав рад шуд.

Раисиҷумҳури Гурҷистон, Михеил Саакашвилӣ, аз Русия барои мухолифаташ ба пешниҳодҳои Ғарб дар додани иҷозаи бозгашти ҳазорон гурҷии беҷошуда ба Абхозистони ҷудоихоҳ шадидан интиқод кард.

Пеш аз мулоқот бо вазири умури хориҷии Олмон, Франк-Валтер Штейнмейер, дар Батуми, ҷанубуғарби Гурҷистон, Саакашвилӣ ба суханони вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров, ишора кард, ки тарҳи Штейнмейерро дар бозгардони 250 000 гурезаи гурҷӣ ба Абхозистон рад кардааст.

Саакашвилӣ суханони Лавровро як изҳороти хеле нигаронкунандаи сиёсӣ номид ва мегӯяд, ин посухест ба фишори Ғарб, ки бозгашти паноҳандагонро талаб дорад. Саакашвилӣ гуфт, мутмаъин аст, ки бо мадади ҷомеъами байнулмилал афроди беҷошуда ба Абхазия хоҳанд баргашт ва ба ҳеҷ ҳукумате дар ҷаҳон, аз ҷумла ба Маскав низ чунин тасмими барбарона муносиб нест.

Саакашвилӣ изофа кард, ки Тифлис Русияро як коршарики хеш медонад, вале шиква намуд, ки матбуоти зери назорати давлат дар Русия Гурҷистонро бадном мекунанд.

Франк-Валтер Штейнмейер, вазири умури хориҷии Олмон, раёсати гурӯҳи панҷгонаи Дӯстонро аз номи СММ дар ӯҳда дорад, ки Бритониё, Иёлоти Муттаҳида, Русия, Фаронса ва Олмон узви онанд. Ҳадафи ӯ аз миёнаравии байни Гурҷистон, Абхозистон ва Русия татбиқи чаҳор пешниҳоди байнулмилалист. Инҳо -- бозгашти гурҷиҳои беҷошуда бар асари ҷанги солҳои 1992-93 миёни Гурҷистон ва Абхазия, созишномаи тарафайн дар манъи истифодаи нерӯ, ваъдаи дарозмуддати бозсохт ва мақоми ниҳоии Абхозистон.

Гурҷистон аз имзои созиши манъи истифодаи нерӯ саркашӣ кард ва мегӯяд, чунин санад маънии эътирофи амалии истиқлолияти Абхозистонро хоҳад дошт. Саакашвилӣ гуфт, созиши оташбас баҷост ва Тифлис ният надорад, Абхазияро бо зӯри силоҳ бозпас бигирад.

Раҳбари Абхозистон, Сергей Багапш рӯзи ҷумъа пас аз мулоқот бо Штейнмейер гуфт, низ тарҳи пешниҳодии Ғарбро баррасӣ намекунад. "Мо мақоми Абхазияро баррасӣ намекунем, Абхазия давлати мустақил аст."

Ҷаноби Багапш гуфт, ҳам ӯ ва ҳам Штейнмейер ҳар кадом дар мавқеъи худ боқӣ монд ва тағйире нашуд. Вай афзуд, нахостааст, созишҳои қаблиро, дар тафовут бо амали Гурҷистон дар тангнои Кодор, халалдор кунад ва дар бораи паноҳандагон низ созишнома нуктаи рӯшан дорад.

Сафари Штейнмейер бахше аз мавҷи талошҳои дипломатии пиромуни Абхозистон аст. Ҳафтаи гузашта вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Кондолиза Райс, ба Гурҷистон сафари бошукӯҳе дошт ва Русияро аз густариши ташаннуҷ ҳушдор дод. Ин ҳам дар ҳоле ки шиддат дар равобити Тифлису Маскав ба таври назаррас рӯ ба афзоиш дорад.

Шӯрои Амнияти СММ қарор аст, рӯзи душанбе ин ташаннуҷ ва аз ҷумла талоши Русия дар шикасти ҳарими ҳавоии Гурҷистонро баҳс кунад. Ҳодисаи ахири парвози ҳавопаймоии ҷангии Русия барои 40 дақиқа дар ҳарими ҳавоии Гурҷистон сабаб шуд, ки Тифлис сафири худро аз Маскав фаро хонад ва нақши Русияро дар поси сулҳ зери суол барад.

XS
SM
MD
LG