Пайвандҳои дастрасӣ

Давраи нави бозомӯзии хабарнигорони соҳаи варзиш


18-июл дар шаҳри Душанбе давраи бозомӯзии хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон шурӯъ шуд, ки дар он намояндагони расонаҳои хабарӣ аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат доранд.

Нарзуллоҳи Латиф, раиси Анҷумани хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Ин дафъаи панҷум аст, ки бо кумаку дастгирии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои хабарнигорони соҳаи варзиши кишвар давраи бозомӯзӣ баргузор мешавад. Он, бе шакк, барои баланд бардоштани савия ва малакаи касбии шореҳон ва хабарнигорони соҳа мусоъидат мекунад.»
Лаҳзае аз семинар-тренинг
Бар асоси барномаи давраи бозомӯзӣ, инчунин, хабарнигорон бо раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳруллоҳ Раҷабалиев дар мавзӯъи омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои олимпии соли 2008 мулоқот карданд.
Давраи бозомӯзии хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон тӯли ду рӯз идома меёбад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG