Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии тарҳи пешниҳодшудаи савганди журналистони Тоҷикистон дар мизи гирди вижа имрӯз, 18-уми июн, ба натиҷае нарасид.

Тарҳи Кодекси ахлоқи журналист ва савганди журналист, ки созмони «Иттилоъот ва муъошират» бо пуштибонӣ аз раёсати Идораи иттилоъоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, мавриди баррасӣ қарор нагирифт – ба ин далел, ки муҳтавои ин ду тарҳ ба назари ширкаткунандагони ин мизи гирд комил набуд ва бахши аъзами бандҳои ин тарҳҳо такрори бахшҳои қонуни матбуъоти Тоҷикистон аст.
Ба назари аксари ширкаткунандагони ин мизи гирд, ин таҳҳо тақдиди ҷиддии назар мехоҳад. Гузашта аз ин, аксарияти ширкаткунандагони ин мизи гирд мухолдифи таҳия ва тасвиби савганди журналист ҳастанд. Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили иттилоъотии Тоҷикистон, гуфт. Ки савганди журналист ҷуз як расмиятпарастӣ чизе нест ва ман зарур намешуморам, ки журналист бар иловаи муроъоти қавонини кишвар боз савганд ёд кунад. Вай афзуд: «Дар мавриди кодекси ахлоқ назари ман ин аст, ки дар таҳияи ин санад набояд аҷала кард. Ин кодекс бояд аз сӯи хабарнигорон ва бо дарназардошти афкори онҳо таҳия ва тасвиб шавад. Тарҳҳои пешниҳодшуда таҷдиди назари ҷиддӣ мехоҳад».
Профессор Абдуссаттор Нуралиев, мудири кафедраи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, низ бар ҳамин назар аст: «Мо ба кодекси ахлоқи журналист ниёз дорем. Аммо дар таҳийя ва тасвиби он набояд ба кӯтоҳӣ роҳ диҳем ва, ба назари ман, ин кодекс бояд аз сӯи ниҳодҳои ҳирфаӣ, мутахассисону донишмандон таҳийя ва ба муҳокимаи хабарнигорон пешниҳод шавад. Дар он сурат мо зарурати чунин кодексро эҳсос хоҳем кард».
Пас аз интиқодҳои зиёд аз муҳтавои ин ду тарҳ ва мухолифати усулии Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон ба муҳтавои тарҳи Кодекси ахлоқӣ ва савганди журналистон қарор шуд, ки барои таҷдиди назар дар онҳо гурӯҳи кории шомил аз намояндагони ИЖТ, АМРМТ ва дигар ниҳодҳои иттилоъотӣ донишмандони риштаҳои журналистика дар донишгоҳу донишкадаҳо ташкил шавад ва пас аз таҳийяи ин тарҳ аз тариқи расонаҳои хабарӣ ба баррасӣ пешниҳод шавад.
XS
SM
MD
LG