Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО хабари ҳалокати мардуми осоиштаро рад кард


Нерӯҳои Эътилофи байнулмилалии таҳти фармони НАТО иттилоъи мақомоти маҳаллӣ дар бораи ҳалокати беш аз 50 сокини осоиштаи як деҳаи вилояти Ҳироти Афғонистон бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои низомиро такзиб карданд. Дар изҳорот омадааст, тафтишот мушаххас кард, ки ҳавопаймоҳо минтақаи 13 километр дуртар аз ин деҳаро ҳадафи бомбборон қарор дода буданд.

Дар изҳороти дигари нерӯҳои Эътилоф аз ҳалокати як низомӣ дар вилояти ҷанубии Ҳилманд хабар дода шудааст. Гуфта мешавад, ки ин сарбоз на дар задухурд, балки бар асари тасодуф ҷон бохтааст.

XS
SM
MD
LG