Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати панҷ толиб дар Ҳангӯ


Мақомоти Покистон изҳор намуданд, ки дар шимолу ғарби кишвар 5 тан аз толибон кушта шуданд. Ба иттилоъи низомиён, чархболи ҳарбӣ як мошин бо ошубгаронро мушакборон кардааст.

Амалиёт алайҳи Толибон дар минтақаи Ҳангӯ рӯзи чаҳоршанбе баъди он шурӯъ шуд, ки 15 сарбози покистонӣ ба муҳосираи мухолифин афтода ва кушта шуданд. Ҳамчунин Толибон таҳдид кардаанд, ки тақрибан 50 низомӣ ва мансабдорони ба гарав уфтодаро ба қатл мерасонанд.
XS
SM
MD
LG