Пайвандҳои дастрасӣ

Ба иттилоъи дафтари матбуоти порлумони Қирғизистон, депутатҳо Қонун «Дар бораи имлои нави забони давлатӣ»-ро ба тасвиб расонданд.

Гуфта мешавад, ки аз ин ба баъд номи шаҳру рустоҳо ва маҳалҳои ҷуғрофӣ тибқи имлои нави забони давлатӣ навишта хоҳад шуд. Дар имлои нави забони давлатии Қирғизистон зикр шудааст, ки то ба тасвиб расидани имлои нав номи як қатор шаҳру вилоятҳо пайваста навишта мешуд. Аммо акнун ин номгузориҳо аз тариқи хатти восил ё дефис навишта мешавад. Ба таври мисол, зимни навиштани номгузориҳои Ҷалол-обод, Иссиқ-кӯл ва амсоли он аз ин хат истифода сурат мегирад.

Ба гуфтаи коршиносони масоъили фарҳангӣ, бо ба тасвиб расидани имлои нави забони давлатӣ тарзи навишти номгузориҳои ҷуғрофӣ ба танзим дароварда хоҳад шуд. Азимҷон Иброҳимов, ноиби раиси комиссиюни миллии забони давлатии Қирғизистон, гуфтааст, бо вуҷуди он ки соли 2002 имлои нави забони давлатӣ ҷорӣ гардид, аммо ин имло аз тарафи аксарияти шаҳрвандони кишвараш риоя нашуд ва онҳо ҳамвора аз имлои соли 1953-и қарни гузашта истифода мекарданд.

Ин манбаъ афзудааст, аз ин лиҳоз тарзи мухталифи имло дар Қирғизистон корбаст мешуд, ки як дарҳамбарҳамиро эҷод намуда буд. Ба гуфтаи Азимҷон Иброҳимов, аслан имлои соли 1953 имлои хубе буд, ки беш аз 50 сол арзи вуҷуд кардааст, вале як гурӯҳи олимон ба порлумон пешниҳод кардаанд, ки ин имло ҷавобгӯи давру замон нест ва бояд имлои нав қабул кард.

Гуфта мешавад, тибқи имлои эҳёгардидаи забони давлатии Қирғизистон, номгузориҳое, ки аз забони русӣ ба қирғизӣ ворид шудаанд, тибқи имлои забони русӣ навишта мешаванд. Бино ба ин манбаъ, дар ҳамин ҳол як луғати имлоӣ тартиб ва таҳия шудааст, ки дасти кам 85 ҳазор вожа ва ибораҳоро дар худ таҷаммӯъ додааст.

Як сокини шаҳри Бишкек дар робита ба имлои нави забони давлатӣ гуфтааст, ки ин имло таваҷҷӯҳи сокинони шаҳри Бишкекро чандон ба худ ҷалб нахоҳад кард. Вай афзудааст, ки ҳамоно дар Бишкек аксарияти мардум ба забони русӣ ҳарф мезананд ва ба ин забон фикр мекунанд. Ба гуфтаи ин манбаъ забони муоширати вай дар хона бо зану фарзандонаш, ки низ қирғизтабор ҳастанд, фақат забони русист.

Дар ҳамин ҳол комиссиюни миллии забони давлатии Қирғизистон аз маъмурини давлатӣ тақозо намудааст, ки забони қирғизиро омӯзанд. Зеро коргузорӣ ба ин забон сурат хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG