Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷопон тасмими худро дигар кард


Ҷопон тасмими қаблии худ барои интиқоли нерӯҳои пиёдагард ба Афғонистонро лағв кард. Дар Эътилофи ҳукмрон дар робита ба фиристодани ин нерӯҳо ба Афғонистон ихтилофи назар мавҷуд буд. Иёлоти Муттаҳида ва НАТО аз Ҷопон даъват карда буданд, ки ҳузури низомии худ дар ин минтақаро тақвият бубахшад.

Айни ҳол низомиёни Ҷопон дар уқёнуси Ҳинд киштиҳои ҳарбиеро, ки барои амалиёти нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон сафарбар шудаанд, бо маводи сӯхт таъмин мекунанд.

XS
SM
MD
LG