Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори нави Чертофф


Раҳбари департаменти амнияти ИМА Майкл Чертофф изҳор намуд, ки террористҳо бо шиносномаҳои Иттиҳодияи Аврупо талоши вуруд ба қаламрави Амрикоро доранд. Ӯ афзуд, мақомоти амрикоӣ кафолат намедиҳанд, ки ҳар яке аз ин террористҳо боздошт хоҳанд шуд.

Хадамоти истихборотӣ ва амниятии ИМА чандин бор аз афзоиши таҳдид аз сӯи гурҳҳои террористӣ дар ҷараёни маъракаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико ҳушдор дода буданд. Моҳи август дар анҷуманҳои Ҳизби демократ ва Ҳизби ҷумҳурихоҳон расман номзадҳо барои дарёфти мақоми президенти ИМА эълон мешаванд.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии ИМА моҳи ноябри соли равон баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG