Пайвандҳои дастрасӣ

Толори исломӣ дар осорхонаи Лувр


Дар осорхонаи шӯҳратёр дар ҷаҳони Луври Фаронса толори махсусе барои санъати исломӣ бунёд мешавад. Раиси ҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ бо гузоштани санги нахустини бино, онро рамзи дӯстии Фаронса бо кишварҳои арабӣ унвон кард. Толори 3 ҳазор метри мураббаъӣ соли 2010 дар Лувр боз мешавад ва дар он осори ҳунармандони ҷаҳони ислом аз асри 7 то 19- ро ба намоиш гузошта мешавад. Ба гуфтаи меъмори итолиёӣ Марио Беллинӣ, толор боми шишагие хоҳад дошт ва ба рӯсарие монанд хоҳад буд, ки дар бод алвонҷ мехӯрад. Осорхонаи Лувр соли 2007 эълом кард, ки дар Абудабӣ як бахши худро ифтитоҳ мекунад.
XS
SM
MD
LG