Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири хориҷаи Олмон дар Тифлис


Вазири умури хориҷаи Олмон Франк Валтер Штейнмейер ҷиҳати фурӯ нишондани моҷаро бар сари минтақаи Абхозистони Гурҷистон дирӯз ба ин минтақа сафар кард. Вай дар инҷо барномаи семарҳилаиеро пешниҳод намуд, ки бар асоси он тарафҳо бояд аҳд диҳанд, ки аз хушунат парҳез мекунанд, муҳоҷирони гурҷиро ба Абхозистон бармегардонанд ва дар иваз барои эҳёи иқтисод кӯмаки хориҷӣ мегиранд. Франк Валтер Штеймейер пас аз мулоқот бо вазири умури хориҷаи Гурҷистон гуфт: "Мо созиш кардем, ки бар асоси ин барномаи семарҳилаӣ бояд роҳи бурунрафт аз ин бӯҳронро пайдо намоем. Шуморо Иттиҳодияи Аврупо дар ин роҳ ҳимояти қавӣ хоҳад кард."
Вазири умури хориҷаи Абхозистон Сергей Шамба гуфтааст, танҳо бахше аз ин барномаи сермарҳилаиро метавон пазируфт. Шамба гуфт, Гурҷистон бояд нерӯҳояшро аз дараи ҷанҷолии Кодорӣ берун барад. Вай афзуд, Абхозистон дар сурате ба 25 ҳазор муҳоҷирони гурҷӣ иҷозаи бозгашт медиҳад, ки онҳо ба ҷануби минтақа кӯч банданд.

XS
SM
MD
LG