Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти алайҳи ҷангиён дар Заргарии Покистон


Артиши Покистон дар посух ба кушта шудани 17 сарбозаш дар як шабехун алайҳи ҷангиён дар сарзаминҳои қабиланишини шимолу ғарби кишвар як амалиёти низомӣ ба роҳ андохтааст.

Сухангӯи артиш Атҳар Аббос гуфт, нирӯҳо таҳти ҳимояти оташи чархболҳо ҷангиёнро аз мавзеъи Заргарӣ берун андохта, дар садади ҳамла ба соъир пойгоҳҳои ҷангиён дар атрофи ин минтақа мебошанд.

Ҷангиёни содиқ ба раҳбари Толибони Покистон Байтуллоҳ Маҳсуд рӯзи шанбе ба як корвони нирӯҳои шибҳанизомии ин кишвар дар ҳошияи шаҳри Заргарӣ ҳамла бурда, 17 сарбозро ба ҳалокат расонданд. Сухангӯи Маҳсуд имрӯз таҳдид кард, дар ғайри сурати қатъи ин амалиёт, онҳо ҳукумати музофотро ҳадафи ҳамла қарор хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG