Пайвандҳои дастрасӣ

Райс роҷеъ ба ҳузури Амрико дар музокироти Женев


Вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс имрӯз гуфт, ҳузури Вошингтон дар музокирот бо Эрон баёнгари иттифоқи назари ҷаҳон дар роҳи талошҳо ба хотири қатъи фаъолиятҳои ҳассоси ҳастаии он кишвар аст.

Бону Райс гуфт: “Паёме, ки мо медиҳем, ин аст, ки Ийолоти Муттаҳида қотеълона дар паси ин дипломатия истодаааст, қотеъона дар паҳлу ва ҳамназари муттаҳидинаш аст ва умедворем, ки Эрон ин паёмро хоҳад шунид.”

Музокироти барномаҳои ҳастаии Эрон рӯзи шанбе дар Женев бо ширкати намояндагони 5 кишвари узви доимии ША СММ бо ҷамъи Олмон таҳти раҳбарии раиси идораи сиёсати хориҷии ИА Хавйер Солана хоҳад гузашт.

Вазири хориҷаи Эрон Манучеҳри Муттакӣ низ имрӯз ҳузури эълоншудаи дипломати баландпояи Амрико дар ин музокиротро мусбат номид.

XS
SM
MD
LG