Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастовардҳои гуштигирони тоҷик дар Русия


Паҳлавонони тоҷик дар Бозиҳои умумирусиягии деҳотӣ дар Ҷумҳурии Марий Эл (Русия) дар сабқати гуштии дзюдо 2 медал ба даст оварданд.

Паҳлавони тоҷик Пӯлодҷон Солеҳов дар сабқати ниҳоӣ бар намояндаи дастаи мизбон Валерий Душев ғолиб шуда, бо медали тило сарфароз гардид. Паҳлавони дигари тоҷик Умед Ҳасанбеков, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ аз варзишгари рус Иля Седов мағлуб шуд, соҳиби медали нуқра шуд.

Дар ин бозиҳо ҳудуди 3000 варзишгар аз Русия, Укроин ва Тоҷикистон ширкат карданд. Мусобиқот аз 8 навъи варзиш иборат буд.
Ҳамзамон, варзишгари ҷавони тоҷик Файзалӣ Ҷебов дар чаҳорумин давраи Бозиҳои наврасони «Бачагони Осиё» дар Ёқутистони Русия дар вазни то 66 кг оид ба дзюдо ҷои дувумро ба даст оварда, соҳиби медали нуқра гардид.
Ин бозиҳо бо ширкати беш аз 2400 варзишгари наврас аз 16 кишвар дар 20 навъи варзиш доир шуданд.
XS
SM
MD
LG