Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти ҳалокати марзбони тоҷик дар Шоун


Дар асари даргирӣ байни нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва қочоқбарони афғон дар ҳудуди ноҳияи бо Афғонистон ҳаммарзи Шӯрообод як марзбони тоҷик кушта шудааст.

Ин задухӯрд шаби 15 июл дар ҳошияи рустои Шоуни Шӯрообод сурат гирифтааст. Сулаймон Сиддиқов, муовини додситони низомии Кӯлоб, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар задухӯрд раҳбари дастаи марзбонон Азамат Отабоев кушта мешавад.

Ин панҷумин мавриди задухӯрд байни марзбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон дар минтақаи Шӯрообод будааст, вале ҳалокати марзбони тоҷик аз тири силоҳбадастони афғон дар соли ҷорӣ бори аввал аст, ки иттифоқ меуфтад.
XS
SM
MD
LG