Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Кушнер аз тасмими Амрико


Вазири хориҷаи Фаронса Бернард Кушнер аз тасмими Амрико барои ҳузур дар музокироти рӯзи шанбеи қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон бар сари барномаҳои ҳастаии он кишвар истиқбол кард. Кушнер тасмими ирсоли муовини вазири хориҷаи Амрико Вилям Бёрнс ба Женевро “арзишманд” ва “як равиши тоза” номид. Ин дар ҳолест, ки вазорати хориҷаи Амрико аз таъйид ё такзиби хабарҳо роҷеъ ба барномаҳои Вошингтон ҷиҳати барқарор кардани ҳузури дипломатиаш дар Теҳрон худдорӣ варзидааст.

Рӯзномаи бритониёии “Гардиан” навишт, ки давлати Амрико дар моҳи оянда эълон хоҳад кард, ки дар Теҳрон як ниҳоди мудофеъи манофеъашро таъсис хоҳад дод. Амрикову Эрон равобити дипломатиро баъд аз гаравгонгирии кормандони сафорати Вошингтон дар Теҳрон дар пайи инқилоби исломии соли 1979 қатъ кардаанд.
XS
SM
MD
LG