Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боқиев аз сармоядорони Русия кӯмак хост


Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури Қирғизистон, рӯзи панҷшанбе зимни мулоқот ба хабарнигорон натоиҷи сафари кориаш ба Маскавро пурсамар арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи Қурмонбек Боқиев, дар дидору гуфтушунидҳои ӯ бо президенти Русия Дмитрий Медведев ва нахуствазири ин кишвар Владимир Путин, ки дар чаҳорчӯби сафараш ба Маскав сурат гирифт, тавсеъаи ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни Қирғизистону Русия ва дурнамои он мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба гуфтаи президент Боқиев, вай ба мақомоти Русия пешниҳод намуд, ки сармоягузорони ин кишвар дар бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии «Қамбарота-1» ва «Қамбарота-2» ширкат кунанд. Вай афзуд, ки дар ҷараёни ин мулоқотҳо вай аз президенти Русия ва нахуствазири он ҳамчунин хоҳиш кардааст, ки сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии «Қамбарота-1» ва «Қамбарота-2» ба қарзҳои дарозмуддат низ эҳтиёҷи бештар дорад.

Бар асоси суханони раисиҷумҳури Қирғизистон, ин пешниҳоди ӯро ҳам Медведев ва Путин пазируфтанд. Гуфта шуд, ки дар ҳамин ҳол иқтисоди Қирғизистон рӯ ба рушд овардааст. Қурмонбек Боқиев гуфт, ба ҳар сурат кӯмакҳои молии сармоядорони Русия эҳтиёҷи Қирғизистонро дар мавриди рафъи бӯҳрони иқтисодӣ бароварда хоҳад сохт.

Президент Боқиев ба дунболи ин тазаккур дод, ки мақомоти Русия аз пешниҳоди ӯ дар робита бо саҳми сармоягузорони онҳо дар кашф ва баҳрабардории манобеъи нафту гози Қирғизистон тарафдорӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки Қирғизистон ба хотири бунёди ду нерӯгоҳи барқи обӣ, ки гуфта мешавад, дар болои рудхонаи Норин сохта хоҳад шуд, талоши зиёд ба харҷ медиҳад. Мақомоти Бишкек бунёди ин нерӯгоҳи барқро сохтмони умуммардумӣ ва дорои аҳмияти давлатӣ эълон кардаанд.

XS
SM
MD
LG