Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди 90-уми қатли Николаи 2 ва аҳли хонаводааш


Русия имрӯз солгарди 90-уми қатли подшоҳи охиринаш Николайи дуввум ва аҳли хонводаи ӯ ёд мекунад. Калисоҳои православӣ дар саросари кишвар дар ин рӯз баргузории маросими вижаи ёдбудро дар назар гирифтаанд. Шаби гузашта ҳазорон нафар дар як расми ёдбуд дар шаҳри Екатеринбург, дар маҳалли қатли Николай ва аҳли хонаводааш ҷамъ омаданд.

Бисёриҳо ба хотири зиёрати маҳалли эҳтимолии дафни шоҳи пешин, ҳамсар ва 5 фарзанди ӯ 18 километр роҳро пиёда тай карданд. Калисои православии Русия Николайи дуввум ва аҳли хонаводаи ӯро шаҳид эътироф кардааст.

XS
SM
MD
LG