Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса ба зани бурқаъпӯш шаҳрвандӣ надод


Шӯрои давлатӣ, олитарин додгоҳи Фаронса ироаи ҳаққи шаҳрвандии ин кишвар ба як зани мусалмони бурқаъпӯшро ба ин далел, ки то ҳол монанди ҷомиаи Фаронса нашудааст, радд кард.

Бино бар ҳукми Шӯрои давлатӣ, ин зан, ки Файзо ном доштааст, як равиши тунди мазҳабиеро пайравӣ мекунад, ки муноқизи арзишҳои қабулшуда дар ҷомиаи Фаронса, аз ҷумла асли баробарии ҷинсист.

Фаронса мурооти суннатҳои дунявӣ дар миёни ҷамъиятҳои муҳоҷирини мусалмонро дар авлавият қарор дода, ҳанӯз дар соли 2004 бо тасвиби як қонун пӯшидани сатри исломӣ ва дигар рамзҳои мазҳабиро дар макотиб манъ кардааст.
XS
SM
MD
LG