Пайвандҳои дастрасӣ

СММ 3,4 миллиард $ бештар кӯмак мехоҳад


СММ ба далели афзоиши нархи ғизову энержӣ, офоти табиӣ ва амиқтар рафтани низоъҳо хостори 3 400 000 000 доллар маблағгузории бештар ба хотири иҷрои барномаҳои ироаи кӯмакҳои изтирори башарӣ шудааст.

Раҳбари барномаҳои башарии СММ Ҷон Ҳолмс гуфт, то кунун ҳамагӣ 46 дарсади маблағи лозим барои иҷрои чунин барномаҳои изтирорӣ дастрас шудаасту бас.

Ӯ афзуд, танҳо дар вилояти ҷангзадаи Дорфури Судон онҳо ба хотири ироаи ёриҳои изтирорӣ ба 2,5 миллион нафари беҷошуда ба тақрибан 2 миллиард доллар кӯмак ниёз доранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG