Пайвандҳои дастрасӣ

Муллен вазъи Ироқро "аз интизорот беҳтар" дарёфт


Адмирал Мак Муллен, фармондеҳи ситоди муттаҳидаи артиши Амрико гуфт, ӯ интизор дорад, то поёни соли равон коҳиши шумори бештари нирӯҳои Амрико дар Ироқро тавсия кунад. Мақоми баландпояи вазорати дифоъи Амрико гуфт, зимни охирин сафараш ба Ироқ, ӯ шароитро назар ба ончӣ, ки интизор дошт, хеле беҳтар дарёфтааст. Адмирал Муллен гуфт, аз ҷумла вазъи амниятӣ “ба таври назаррас” беҳтар шудааст.

Амалиёти густардаи алайҳи ҷангиён дар Ироқ, ки 18 моҳ пеш оғоз ёфт, акнун ба поён расидааст, ва Пентагон – вазорати дифоъи Амрико бояд дар зарфи 45 рӯз таъйин кунад, ки дар Ироқ бояд чӣ миқдор нирӯе боқӣ бимонад.

XS
SM
MD
LG