Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муттакӣ дар Димишқ бо Асад мулоқот мекунад


Вазири хориҷаи Эрон Манучеҳри Муттакӣ ба хотири мулоқот бо раисиҷумҳури Сурия Башор Асад вориди Димишқ, пойтахти ин кишвар шуд. Муттакӣ гуфт, ки бо Асад охирин таҳаввулоти Ховари Миёнаро баррасӣ хоҳад кард.

Вале интизор меравад, ки ҳарду ҳамчунин, тибқи дархости раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркози, ки аз Башор Асад хост, муттаҳиди Сурия- Эронро ба ҳамкорӣ бо ҷомиъаи байналмилалӣ бар сари барномаҳои баҳсбарангези ҳастаияш мутақоид кунад, ин мавзӯъро низ баҳс кунанд.

Саркози ва Асад дар ҳошияи нишасти кишварҳои ҳавзаи баҳри Миёназамин дар Порис мулоқот карда буданд.

XS
SM
MD
LG