Пайвандҳои дастрасӣ

Штеймайер ба Гурҷистон меравад


Вазири хориҷаи Олмон Франк-Валтер Штейнмайер ба хотири баррасии роҳҳои оддӣ сохтани танишҳо бар сари вилояти ҷудоиталаби Абхозистон, ки таҳти пуштибонии Маскав қарор дорад, роҳии сафар ба Гурҷистону Русия шуд.

Штеймайер ибтидо дар Тифлис бо мақомоти Гурҷистон ва рӯзи ҷумъа дар Абхозистон бо раҳбарони ин вилояти ҷудоиталаб мулоқот хоҳад кард. Ва рӯзи шанбе дар роҳи бозгашт ба Берлин вазири хориҷаи Олмон дар Маскав бо ҳамтои русаш Сергей Лавров дидор хоҳад дошт.

Олмон феълан раҳбарии гурӯҳи дар қиболи масоили Гурҷистон таъсисдодаи СММ-ро бар ӯҳда дорад. Ин гурӯҳи Амрикову Русия ва Фаронсаву Бритониёро низ фаро мегирад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG