Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 8 афғон дар як ҳамлаи ҳавоӣ дар Фароҳ


Нирӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико дар Афғонистон мегӯянд, дар асари ҳамлаи ҳавоӣ дар вилояти ғарбии Фароҳ 8 нафари ғайринизомӣ кушта ва дуи дигар захмӣ шудаанд.

Эътилоф мегӯяд, дар пайи тирандозӣ алайҳи як ҳайъати дидбонӣ аз сӯи яке аз рустоҳо дар улусволии Бакво, ин ҳайъат аз сӯи нирӯҳои ҳавоӣ ҳимоят хостааст. Аммо ҳамлаи ҳавоӣ болои як манзили ин русто иттифоқ уфтода, 8 кушта бар ҷой мегузорад.

Бино бар охирин таҳқиқоти СММ, дар асари хушунатҳо дар Афғонистон танҳо аз аввали соли ҷорӣ ҳудуди 700 сокини ғайринизомии ин кишвар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG