Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими дафни Эҳуд Голдвасссер


Имрӯз дар қабристони низомии Наҳория, дар шимоли Исроил, ҷанозаи Эҳуд Голдвассер, яке аз ду сарбози дар соли 2006 ба асорати Ҳизбуллоҳ уфтодаи Исроил, ба хок супурда мешавад. Дар маросими дафни ин сарбоз сиёсатмадорони аршади Исроил ширкат меварзанд.

Ҳизбуллоҳ турбати Голдвассер ва як сарбози дигарро рӯзи чоршанбе бо 5 маҳбуси лубнонӣ, ки дар Бейрут ҳамчун қаҳрамон истиқбол шуданд, иваз кард. Исроил ҳамчунин дар ивази аҷсоди сарбозонаш турбати тақрибан 200 ҷангии арабро пас додааст.
XS
SM
MD
LG