Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаҳои дуэти "Ҳамроз"


Тобиш Ҳилолӣ ва Ҷаъфари Ҷалол дуёти "Ҳамроз"-ро ташкил кардаанд
Тобиш Ҳилолӣ ва Ҷаъфари Ҷалол дуёти "Ҳамроз"-ро ташкил кардаанд

Дар барномаи навбатии «Ояндасоз мюзик» моро Тобиш Ҳилолӣ ва Ҷаъфари Ҷалол, ки дар якҷоягӣ дуэти «Ҳамроз»-ро ташкил додаанд, ҳамроҳӣ мекунанд.

Ба гуфтаи Тобиш ва Ҷаъфар, ҳарчанд онҳо бо ҳам аз даврони донишҷӯь ошно буданд, вале танҳо се сол қабл ба қароре омаданд, ки гурӯҳеро таъсис бидиҳанд. Дар эҷодиёти дуэти «Ҳамроз» таронаҳои меҳанпарастӣ ва ишқу муҳаббат мавқеъи хос дорад. Ва соли гузашта дуэти «Ҳамроз» пас аз иҷрои таронаи «Қасам» миёни шунавандагони тоҷик ва ҳам хориҷи кишвар маъруф гардид.

Тобиш ва Ҷаъфар мегӯянд, ҳарчанд мо медонистем, ки ин тарона хуш пазируфта мешавад, вале аслан умед надоштем, ки маъруф хоҳем гашт, чун ҳадафи ниҳоии мо ин набуд.

Дӯстони азиз агар Шумо мехоҳед таърихи эҷод шудани таронаи «Қасам»-ро бидонед ва сӯҳбати ҷолибу таронаҳои хуби ин гурӯҳро бишнавед, пас ишораи аудио дар тарафи рости болои ин саҳифаро ангушт бизанед.

Вобаста

XS
SM
MD
LG