Пайвандҳои дастрасӣ

Оҷонси Рушди Байналмилалии Шветсия (SIDA) мегӯяд, иқтисоди Тоҷикистон бино ба ислоҳоти номуназзам дар бахшҳои мухталиф шикананда боқӣ мемонад.

Оҷонси Рушди Байналмилалии Шветсия мегӯяд, иқтисоди Тоҷикистон шикананда боқӣ мемонад ва сабаби ин ислоҳоти номуназзами сохторӣ, идораи заъиф, фасодкории фарогир, бекории густурда ва бори гарони қарзҳои хориҷӣ мебошад.

Дар гузориши Оҷонси рушди байналмилалии Шветсия, ки вазъи Тоҷикистон дар соли 2007- ро таҳқиқ кардааст, омадааст, бо вуҷуди рушди 7, 2 дарсадии иқтисод дар соли 2007, Тоҷикистон дар ин роҳ назар ба солҳои гузашта ақиб рафтааст. Бинобар афзоиши қимат дар бозорҳои ҷаҳонӣ дар кишвар сатҳи тавварум низ ниҳоят боло рафта ва як мояи аслии нигаронии мардум шудааст.

Оҷонси Байналмилалии Рушди Шветсия мегӯяд, қарзи хориҷии Тоҷикистон дар оянда метавонад, ба як мушкили сахт табдил ёбад. Ба иттилоъи ҳукумат, то охири соли 2007 қарзи хориҷӣ ба истиснои қарзи 600 миллиондолларии Чин тақрибан 900 миллион долларро ташкил медод. Гузашта аз ин Бонки Миллӣ беш аз 200 миллион долларро ҳамчун кафолат ба ширкатҳои сармоягузори хоҷагиҳои пахтапарвар гузоштааст, ки 400 миллион доллар қарздоранд.

Ба тахмини оҷонсӣ, бо шумули кафолатҳои молии давлат қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 2 миллиарду 300 миллион доллар мерасад, ки ин 70 дар сади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Муаллифони гузориш навиштаанд, бо вуҷуди тааҳуди сиёсии кишвар барои пеш гирифтани иқтисоди бозаргонӣ шароит барои соҳибкории хусусӣ муносиб нест.

Дар робита ба коҳиши камбизоатӣ Оҷонси Рушди Байналмилалии Шветсия навиштааст, ки бо вуҷуди рушди иқтисодӣ, сатҳи камбизоатӣ ҳанӯз ҳам болост ва дар соли 2007 64 дар сади мардуми Тоҷикистон поёнтар аз хатти фақр зиндагӣ мекардаанд. Яке аз натиҷаҳои камбизоатӣ он аст, ки кӯдакон низ дар кори хонавода кӯмак мерасонанд, аз мактаб дур мемонанд ва аз таҳсили муносиб маҳрум шуда, дар ниҳоят соҳиби кори каммузд мешаванд ва ҳамингуна занҷираи камбизоатӣ идома мекунад. Дар робита ба вазъи сиёсиии Тоҷикистон Оҷонси Рушди Байналмилалии Шветсия менависад, баъд аз интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми раёсати ҷумҳур дар соли 2006, “ҳеҷ нишонае аз тағйир дар роҳи таммаркузи қудрати сиёсиву иқтисодӣ дар дасти як гурӯҳи хурд ба чашм нарасидааст.”

Нерӯҳои сиёсии мухолифи ҳукумат заъиф ва парокандаанд. Муаллифони гузориш авзоъи сиёсии Тоҷикистонро мӯътадил номида вале гуфтаанд, иллатҳои оғози ҷанги шаҳрвандии соли 1990 ҳанӯз барҷаста ба назар мерасанд. Вазъи демографии кишвар ва таъсири он ба авзоъи сиёсиро муаллифони гузориш муҳим хонда ва гуфтаанд, ки 48 дар сади аҳолии Тоҷикистон аз 18 сола поёнтар аст ва дар ояндаи наздик қишри зиёди аҳолӣ онҳое хоҳанд буд, ки ҷанги шаҳрвандӣ кам ва ё умуман дар хотир надоранд. Муаллифони гузориш мегӯянд, агар пеши тамоюлҳои манфии феълӣ гирифта нашавад, хатари зуҳури муноқишаҳои нав дар Тоҷикистон хоҳад афзуд.

Доир ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар гузориши Оҷонси Рушди Байналмилалии Шветсия мехонем, вазъи ҳуқуқи инсон то ҳанӯз печида ва нигаронкунанда боқӣ мемонад. Дар соли 2007 якчанд қонуне ба тасвиб расиданд, ки ба гуфтаи коршиносони мустақил, намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ вазъи ҳуқуқи инсонро бадтар хоҳад кард. Барои мисол тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи созмонҳои ҷамъиятӣ нишон медиҳад, ки ҳукумат қасд дорад, назорат аз руйи фаъолияти созмонҳои ҷамъиятиро тақвият бахшад. Солҳои ахир, ҳукумат монеъи пушидани либоси динни ё рӯсарии занон дар муасисаҳои таълимӣ шуд ва фаъолияти якчанд масҷидҳоро қатъ кард. Ҳукумат расман тасдиқ мекунад, ки дар Тоҷикистон шиканҷа вуҷуд дорад. Ҳамасола беш аз 100 корманди ҳифзи ҳуқуқ барои истифодаи усулҳои ғайриқонунӣ зимни бозпурсии боздоштшудагон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, вале омори расмӣ оид ба мавориди шиканҷа низ вуҷуд надорад. Ҳамчунин ҳукумат ба созмонҳои хайрия ба мисли Салиби Сурх иҷоза намедиҳад аз зиндонҳо дидан кунанд. Муаллифони гузориши Оҷонси Рушди Байналмилалии Шветсия навиштаанд, низоми додгоҳии Тоҷикистон заъиф аст ва онро “фасодзада ва пойбанди тарафи саввум” арзёбӣ мекунанд. Аммо айни ҳол давлат омодагии худ барои баррасии мавзӯи ҳуқуқи инсон бо ҷомеъаи байнулмилалиро нишон медиҳад ва гурӯҳи корӣ барои ташкили институти ваколатдори ҳуқуқи башар дар Тоҷикитсон ташкил шудааст.

Дар робита ба муносиботи байналмилалии Тоҷикистон дар гузориш мехонем, ки муносиботи кишвар бо Ӯзбакистон латмадида боқӣ мемонад. Дар охири соли 2007 Узбакистон қиммати газро барои ин кишвар ду маротиба афзоиш дода аз 100 ба 180 доллар баробар кард. Ҳарчанд ин амр шояд ба иллатҳои тиҷоратӣ аст, аммо болоравии қиммати газ ҳамчун иқдоми сиёсӣ таллақӣ шудааст. Мушкили дигари миёни Узбакистон ва Тоҷикитсон ба гуфтаи муаллифони гузориш, истифодаи истифодаи рӯдхонаҳои хурд ва бузурги фаромарзӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ дар рӯдхонаҳои Вахшу Зарафшон аст, ки ба қавли муаллифони гузориш метавонад, сабаби муноқиша миёни ду кишвар шавад. Нусхаи ин гузориши 22 саҳифаӣ ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ҳам расид ва он дар сафҳаи интернетии Оҷонси Рушди Байналмилалии Шветсия низ нашр шудааст.

XS
SM
MD
LG