Пайвандҳои дастрасӣ

Хатокории нерӯҳои низомии Колумбия


Раиси ҷумҳури Колумбия Алваро Урибе эътироф кард, ки рамзи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурхро ҳангоми амалиёти низомӣ барои раҳоии сиёсатмадор Ингрид Бетанкурт ва 14 тани дигар истифода бурдаанд. Ҳукумати Колумбия аввал гуфта буд, ки ҳангоми амалиёти мазкур барои озод кардани гаравгонон аз рамзи ин муассисаи мӯътабари хайрия истифода накардааст.
Алваро Урибе гуфт, масъулияти ин хатокориро ба ӯҳда мегирад, вале он мақомҳоеро, ки дастури ӯро иҷро накарда ва рамзи Салиби Сурхро истифода бурдаанд, ҷазо нахоҳад дод. Бар асоси Конвенсиюни Женева ҳеҷ кас ва ё кишваре ба ғайр аз маъмурони имдодии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ҳаққи истифодаи рамзи ин созмонро надоранд.

XS
SM
MD
LG