Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Девония таҳти назорати ироқиҳо гузашт


Нерӯҳои амниятии Ироқ рӯзи чаҳоршанбе масъулияти ҳифзи амнияти вилояти Девония дар ҷануби кишварро ба ихтиёри худ гирифтанд. Ҳамингуна Девония даҳумин вилояте шуд, ки нерӯҳои байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико масъулияти ҳифзи амнияти онро ба ихтиёри худи ироқиҳо медиҳанд. Ҳангоми расми таҳвили ин масъулияти муҳим, мушовири ҳукумати Ироқ дар умури амниятии миллӣ Муваффақ Ал-Рубоӣ аз раҳбарони вилоят хост, вазъи амниятӣ ва вазъи иқтисоди вилоятро беҳбуд бахшанд. Вилояти Девония дар гузашта чандин маротиба шоҳиди муноқишаҳои ҷиноҳҳои рақиби шиъамазҳаб шудааст. Моҳи ноябри гузашта нерӯҳои Ироқ ва Амрико барои ба эътидол овардани авзоъ дар вилоят амалиёти бузурге дар инҷо доир карданд.

XS
SM
MD
LG