Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи НАТО ба мавзеъҳое дар Покистон


Паймони Атлантики Шимолӣ хабар дод, ки нерӯҳои он имрӯз дар посух ба як ҳамлаи мушакӣ мавзеъҳоеро дар қаламрави Покистон ҳадаф қарор доданд. Дар изҳороти паймон гуфта мешавад, нерӯҳои байнулмилали кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон бо истифода аз тӯпхона ва чархболҳои ҷангӣ ба ҳамла посух доданд. Ҳамла аз ҳудуди Покистон рӯзи сешанбе ба амал омадааст. Дар бораи талафот хабаре нарасидааст. Бо афзоиши ҳамлаҳои фаромарзӣ аз Покистон ба Афғонистон ташаннуҷ дар манотиқи марзии ду кишвар то рафт бештар мешавад.
XS
SM
MD
LG