Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил ва “Ҳизбуллоҳ”: шурӯъи табодули асирон


5 лубнонӣ қабл аз озод шудан аз зиндони Ҳадарими Исроил, 16-уми июл
5 лубнонӣ қабл аз озод шудан аз зиндони Ҳадарими Исроил, 16-уми июл

Чунин ба назар мерасад, ки табодули деринтизори асирон байни Исроил ва ҳаракати "Ҳизбуллоҳ" шурӯъ шудааст.

Субҳи барвақт мошинҳои болопӯш бо 5 маҳбуси лубнонӣ аз як зиндони Исроил берун шуда, сӯи марзи Лубнон равона шуданд. Баъд аз чанд соат «Ҳизбуллоҳ» аз тариқи намояндагони «Салиби Сурх» ду тобутро ба Исроил интиқол дод ва охирин шуълаи умед дар бораи зинда будани сарбозҳо Эҳуд Голдвазер ва Элдод Рагевро хомӯш шуд. Пас аз муқаррар кардани шахсияти сарбозҳо аз тариқи ташхиси ДНК маҳбусҳои лубнонӣ ҳам озод карда мешаванд.
Авитал Лейбович, сухангӯи вазорати дифоъи Исроил, ин рӯзро чун рӯзи ҳузну мотам барои ҳама низомиёни кишвар арзёбӣ кард.
Асорати сарбозон Голдвазер ва Рагев дар ду соли пеш баҳонаи шурӯъи амалиёти низомии Исроил алайҳи ҷунбиши «Ҳизбуллоҳ» гардид, ки як моҳ идома кард ва бо шикасти нерӯҳои исроилӣ поён ёфт. Зери фишори хонаводаҳои сарбозони асирафтода ҳукумати Исроил ин ҳафта ба табодули асирон бо «Ҳизбуллоҳ» розӣ шуд. Ва аммо тасмим дар ин хусус баъди баҳси доманадор дар кобинаи вазирони Исроил гирифта шуд: дар меҳвари баҳс тақозои ҳаракати «Ҳизбуллоҳ» барои раҳоии Самир Контар буд – барои раҳоии шахсе, ки тақрибан 30 сол пеш барои куштори чанд исроилӣ, аз ҷумла, духтараки чаҳорсола ба 4 ҳукми абад маҳкум шуда буд.

Ин ҳам 2 тобуте, ки Лубнон бар ивази 5 асири зинда ба Исроил медиҳад, 16-уми июл
Мухолифини ҳукумат мегуфтанд, ки бо тасмим дар бораи табодули асирон, аз як сӯ, Исроил баҳои гаронеро пардохт мекунад ва, аз сӯи дигар, рақибонро шердилтар месозад ва онҳо барои озод кардани дигар сарбозони асируфтодаи исроилӣ шояд шартҳои сангинтар пеш гузоранд. Вале аксаран мутмаъин буданд, ки иваз кардани асирон амрест ногузир. Арей Мекел, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Исроил, ба хабарнигорон гуфт: “Дар бораи табодули асирон дар Исроил назарҳои гуногун мавҷуданд, аммо ҳукумат онро мусбат ҳал кард. Ба он андеша, ки, қабл аз ҳама, дини мо, арзишҳои мо, фарҳанги мо бар он бунёд шуда, ки касе мурда ё зинда набояд дар асорат бимонад. Ҳамчунин сарозони мо, ки барои ширкат дар задухӯрдҳо даъват мешаванд, бояд бидонанд, ки, агар бо онҳо ҳодисае рӯй бидиҳад, мо онҳоро онҷо намегузорем ва ба ҳар роҳу васила ба хона бармегардонем”.
Дар ҳоле, ки Исроил моломоли ҳузн аст, дар Лубнон фазои идона ҳукмфармост ва ҳукумат ин рӯзро ҷашни миллӣ эълон кардааст. Хиёбонҳои Байрут бо парчамҳо ва шиъорҳо оро ёфтаанд. Ҳамаи панҷ маҳбусро дар Байрут чун қаҳрамон истиқбол хоҳанд кард ва онҳоро раисҷумҳур Мишел Сулаймон ва сарвазир Фуъод Сириора ба ҳузур мепазиранд. Як соҳиби дукон дар шаҳри Нақураи Лубнон мегӯяд: “Ин пирӯзии Лубнон ва ҳама кишварҳои арабист. Мо ниёз ба он дорем, ки теъдоди ҳарчи бештари шуҳадо ва маҳбусони боздоштшуда азсоли 1970 ба ин сӯ ба кишварашон интиқол биёбанд”.
Фазо ва рӯҳияи ду кишварро шиорҳои қисмати лубнонии марз хело хуб инъикос мекунад. Дар онҳо омадааст, ки Лубнон ашки шодӣ мерезад ва Исроил ашки дарду ғам.
XS
SM
MD
LG