Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барканор шудани додситони кулли Афғонистон


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай додситони кулли кишвар Абдулҷаббор Собитро, ки гуфтааст, дар интихоботи президентии соли оянда ширкат хоҳад кард, аз вазифааш барканор намуд. Намояндагони раёсатҷумҳурӣ мегӯянд, талоши сиёсии Собит бо мақоми давлатии ӯ дар ихтилоф мебошанд. Собит ин тасмимро танқид кард ва онро ғариқонунӣ номид ва гуфт, "миллати Афғонистон аз ӯ пуштибонӣ мекунад ва идомаи кораш ба ҳайси додситони кул рақобати Карзайро бо ӯ дар рӯзи интихобот мушкил хоҳад кард." Собит таҳсилкардаи Амрико дар риштаи ҳуқуқ, дар соли 2002, пас аз барканории толибҳо аз қудрат ба ватан баргашт. Вай додситони кулл таъин шуд ва эълон кард, ки мубориза бо фасодро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад.
XS
SM
MD
LG