Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷараёни таъсиси телевизиони муштараки кишварҳои форсизабон ба мушкил мувоҷеҳ шудааст.

Абдураҳмон Абдуманнонов, муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, мегӯяд, фарқият дар қонунгузории се кишвари форсизабон ва чигунагии пахшу муҳтавои барномаҳои он, аз мушкилоти баҳсноки ин телевизион ба шумор мераванд.
Оқои Абдуманнонов ҳамчунин гуфт, то ҳанӯз ҷонибҳо сари маблағгузории телевизиони муштарак иттифоқи назар ҳосил накардаанд. Масалан, ҷониби Афғонистон мехоҳад, маблағгузории телевизиони муштарак бояд байни се кишвар баробар тақсим шавад, то дар ин телевизион кишваре, ки маблағгузории бештар мекунад, ба ҳукмфармо табдил наёбад. Ба қавли оқои Абдуманнонов, ҳамчунин дар Эрон пахш нашудани барномаҳои мусиқӣ бо симои овозхон ва паштӯ будани забони давлатии Афғонистон чигунагии фаъъолияти телевизиони муштаракро таҳти суъол мебарад.
Ба иттилоъи Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, барои ҳалли ин мушкилот феълан як кумисюни вижаи иборат аз намояндагони Эрону Афғонистону Тоҷикистон ташкил ёфтааст ва кори нахустини ин кумисюн тартиб додани оинномаи телевизиони муштараки форсизабонон мутобиқи қонунгузории се кишвар аст.
Ташкили телевизиони муштарак дар ҳолест, ки се кишвари форсизабон дорои низоми гуногуни давлатӣ ва мушкилоти гуногуни сиёсиву иҷтимоъӣ ҳастанд.
Алиризои Ороста, мудири бахши фарҳанги сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, мегӯяд, ҳадафи таъсиси телевизюни муштарак тақвияти пайвандҳои фарҳангии мардуми се кишвар аст, ки дар асри гузашта ба андозаи қобили мулоҳиза гусаста шудааст. Ба қавли оқои Ороста, чигунагии матолиби телевизиюни муштараки форсизабонон тибқи оинномаи он, ки бо ризояти ин се кишвар қабул мешавад, сурат мегирад ва, тибқи тасмими давлатҳои се кишвар, телевизиони муштарак ба соири забонҳое, ки дар се кишвар такаллум мешаванд, барномаҳои худро пахш хоҳад кард.
Масъулини сафорати Эрон дар Тоҷикистон мегӯянд, пахши барномаҳои телевизиони муштарак бо иҷозаи як кумисюни вижаи таъсисшаванда сурат хоҳад гирифт. Ба иттилоъи ин сафорат аз кадом кишвар таъйин ёфтани роҳбари ин телевизион низ ҳанӯз маълум нест.
Идеяи таъсиси чунин телевизиюн ду соли қабл, дар дидори руасои ҷамоҳири се кишвар пешниҳод шуда буд, аммо то кунун ҷонибҳо танҳо сари мақарри ин телевизион дар шаҳри Душанбе ба тавофуқ расидаанд.
Дар Кумитаи Радио ва телевизиони Тоҷикистон гуфтанд, замони ба фаъъолият оғоз кардани ин телевизион ҳанӯз маълум нест.
XS
SM
MD
LG