Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба даври ниҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросюни футболи Осиё омодагӣ мебинад.

Ба иттилоъи сармураббии даста Пӯлод Қодиров, ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки то рӯзи 26-уми июл идома хоҳад кард, 26 нафар футболбозон даъват шудаанд. Бар асоси нақша, ду бозии санҷишии тими миллии кишвар бо «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва дастаи мунтахаби вилояти Хатлон дар назар аст.
Ёдовар мешавем, сабқати ниҳоии Ҷоми челенҷ кап ё Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё аз 30-вуми июл то 10-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон баргузор мешавад. Дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «A» 30-вуми июл бо мунтахаби Туркманистон, 1-уми август бо тими Ҳиндустон ва 3-вуми август бо дастаи Афғонистон бозӣ хоҳад кард.
Ба гурӯҳи «B» дастаҳои миллии Куриёи шимолӣ, Мянмар, Непал ва Шри-Ланка шомиланд.
Аз ҳарду гурӯҳ 2-дастаӣ ба бозиҳои ниманиҳоӣ, ки 7-уми август барпо мешаванд, роҳ меёбанд. Бозии ниҳоӣ 10-уми август доир мегардад.
Барандаи Ҷоми даъвати AFC-2008 ба даври ниҳоии Ҷоми футболи Осиё-2011, ки дар Қатар баргузор мешавад, роҳхат мегирад.
XS
SM
MD
LG