Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи олии футболи Тоҷикистон: бозиҳои даври 20-ум


Бозиҳои даври 20-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

«Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби 2:0 мағлуб сохт. Ғайричашмдошт ҳарду голро Равшан Камолов дар дақиқаи 45-ум ва Фирдавс Абдуллоев дар дақиқаи 83-вум ба дарвозаи дастаи худ заданд.
«Вахш»-и Қурғонтеппа низ бар тими меҳмон - «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи «Регар» хотима ёфт. Голро Ҷамшед Исмоилов дар дақиқаи 43-вум ба самар расонд. Вале дар нимаи дувуми бозӣ мизбонон бо се гол ҷавоб доданд. Далер Тухтасунов дар дақиқаҳои 50-ум ва 90-ум ду гол ва Юсуф Рабиев дар дақиқаи 64-ум як гол ба ҳадаф расонданд.
«Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ дар меҳмонӣ бар CSKA «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид. Шодибек Ғаффоров дар дақиқаи 42-вум тӯбро ба дарвозаи мизбонон ворид кард.
«Энергетик»-и Душанбе низ бо ҳисоби 1:0 «Гвардия»-и Душанберо мағлуб сохт. Голи Алишер Улмасов дар дақиқаи 59-ум ҳалкунанда гардид.
Бад-ин тартиб дастаи «Парвоз» бо 44 имтиёз аз 17 бозӣ мавқеъашро дар садри ҷадвали мусобиқот устувор намуд. Тимҳои «Регар» ТадАЗ ва «Хуҷанд» 35-имтиёзӣ ба даст овардаанд, вале аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Регар» дар зинаи дувум қарор гирифтааст. «Хуҷанд» дар ҷои севум мебошад. Бояд гуфт, ки «Регар» нисбат ба дастаи «Парвоз» 2 бозӣ камтар анҷом додааст.
Байни 5 дастаи беҳтарин инчунин «Вахш» бо 32 имтиёз ва «Динамо» бо 25 имтиёз ҷойгир шудаанд.
Ҳамлагари «Парвоз» Нуъмонҷон Ҳакимов бо 14 гол мисли пешин дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин дар ҷои аввал мебошад. Суҳроб Ҳамидов («Энергетик») бо 10 гол дар ҷои дувум қарор дорад.
Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Ҷ
Дастаҳо
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1
«Парвоз»
17
14
2
1
41-11
44
2
«Регар» ТадАЗ
15
11
2
2
47-14
35
3
«Хуҷанд»
15
11
2
2
18-6
35
4
«Вахш»
16
10
2
4
26-14
32
5
«Динамо»
15
7
4
4
24-17
25
6
«Тоҷиктелеком»
17
7
0
10
24-28
21
7
«Энергетик»
18
5
3
10
22-31
18
8
«Саройкамар»
18
4
4
10
26-36
16
9
CSKA «Помир»
17
5
0
12
10-30
15
10
«Равшан»
19
4
1
14
19-48
13
11
«Гвардия»
17
3
2
12
16-38
11
Бозиҳои даври ХХI: 17-уми июл. «Хуҷанд» «Равшан». 18-уми июл. «Гвардия» CSKA «Помир», «Регар» ТадАЗ – «Тоҷиктелеком». «Динамо» «Вахш», «Саройкамар»«Энергетик».
XS
SM
MD
LG