Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон аз бӯҳрони энержӣ роҳи раҳоӣ меҷӯяд


Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури Қирғизистон, эътироф кардааст, ки зимистони оянда низ мардуми кишвараш ба камбуди нерӯи барқ мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Боқиев, аммо бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқ метавонад кишварашро аз ин бӯҳрон наҷот диҳад. Ба таъкиди раисиҷумҳури Қирғизистон, ҳар сол эҳтиёҷ ба нерӯи барқ дар ин кишвар ба 5 дарсад меафзояд. Қурмонбек Боқиев афзудааст, пӯшида нест, ки мардуми зиёд барои гарм кардани манзили худ бештар аз нерӯи барқ истифода мекунад.

Президент тазаккур додааст, бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқ омили муҳим хоҳад буд, вале захираи ҳар чи бештари ангишт низ мусоидат хоҳад кард, ки Қирғизистон сармои ояндаро сарбаландона паси сар намояд. Ба гуфтаи Қурмонбек Боқиев, ин кишвар дар зарфи ду-се сол истиқлолияти энерҷии барқро ба даст хоҳад овард.

Гуфта мешавад, ки имкониятҳои Қирғизистон ҷиҳати тавлиди нерӯи барқ хеле фаровон аст ва он метавонад, ҳам мардуми кишварро бо нерӯи барқ таъмин кунад ва ҳам миқдори зиёди ин нерӯи барқро ба кишварҳои ҳамҷавор содир намояд.

Феликс Қулов, мудири идории лоиҳаи нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқ гуфтааст, ки бо кӯмаки молии Бунёди олмонии рушд дар ин кишвар сохтмони беш аз 20 нерӯгоҳи барқ раҳандозӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи оқои Қулов, сармоягузорони хориҷӣ омодаанд, ки барои сохтмони ин нерӯгоҳҳои хурд то 100 миллион доллари амрикоӣ сармоя ворид кунанд.

Дар ҳамин ҳол Наталя Орлова, сухангӯи ширкати давлатии энерҷии барқи Қирғизистон, тайи як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, модоме, ки зимистони оянда мушкилоти зиёдеро дар мавриди таъмини нерӯи барқ пеш хоҳад овард, онҳо тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ барои мардумро коҳиш диҳанд.

Хонум Орлова мегӯяд, ин маҳдудият ба хотири он ҷорӣ шудааст, ки сарбанди Тухтагул ҳаҷми ҳар чи бештари обро захира намояд. Наталя Орлова гуфт, дар акси ҳол сармои оянда онҳоро аз санҷиши сахт хоҳад гузаронд.

XS
SM
MD
LG