Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ходорковский хостори озодии зудҳангом шудааст


Вакилони ҳуқуқии Михаил Ходорковский, соҳибкори сарватманд ва маҳбуси Русия мегӯянд, аз додгоҳ озодии зудҳангоми ӯро дархост кардаанд. Ходорковский, собиқ раиси ширкати азбайнрафтаи нафти "Юкос" дар соли 2003 бо иттиҳоми насупурдани боҷ ва андози бузург ва сирқати молии густарда боздошт шуда, ба ҳашт соли ҳабс маҳкум гаштааст. Вай, ки ҳоло каме бештар аз ними ин мӯҳлатро дар зиндон ба сар мебарад, ҳамеша гуфтааст, ки гуноҳ надорад. Тарафдорони Ходорковский мегӯянд, муҳокимаи ӯ ин мақсадро дошт, ки ширкати муваффақи "Юкос" маҳв гардад ва аз майли Ходорковский ба умури сиёсӣ пешгирӣ ба амал ояд.
XS
SM
MD
LG